ABNA24 : Маркази равобити умумии Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи душанбе дар иттилоияе ҳамчунин эълом кард: Аз дирӯз, якшанбе то имрӯз 4 мурдоди 1400 (26 июли 2021) ва бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ 31 ҳазору 814 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид- 19 дар кишвар шиносоӣ шуд, ки се ҳазору 566 нафар аз онҳо бистарӣ шуданд.
Бар асоси ин иттилоия, маҷмӯи беморони Ковид- 19 дар Эрон ба 3 миллиону 723 ҳазору 246 нафар расидааст.
Вазорати беҳдошти Эрон дар ин иттилоия ҳамчунин афзудааст: То кунун се миллиону 274 ҳазору 346 нафар аз беморон беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.
Бар асоси омори расмии кишварҳо, вируси корона то кунун беш аз 194 миллион нафарро дар дунё мубтало карда ва беш аз 4 миллиону 177 ҳазор нафар низ бар асари бемории Ковид - 19 ҷони худро аз даст додаанд.
342/